Рушди институти ризокорӣ дар ТҶ “Замонат”

Рушди институти ризокорӣ дар ТҶ “Замонат”

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низоми тақсимоти кадрҳо мавҷуд буд, ки онро насли калонсол то ҳол ба некӣ ба ёд меоранд. Ба ҷавонон, мутахассисони навкор ҷойҳо барои таҷрибаомӯзӣ аз рӯи ихтисоси таҳсилкардаашон омода карда мешуданд, ва инчунин барои бо кори минбаъда таъмин шудан, аз ҷониби давлат кӯмак расонда мешуд. Аммо мутаассифона, ҳамаи ин дар гузашта боқӣ мондааст ва ба фаромӯшӣ расидааст. Имрӯзҳо мутахассисони ҷавон пас аз гирифтани диплом дучори мушкилиҳо мешаванд. Имрӯз муносибат ва корҳо ба куллӣ фарқ мекунанд ва на ҳама ширкатҳо омодаанд корманди бетаҷрибаро ба кор гиранд, ки таҷрибаи корӣ ва таҷрибаи амалии касбӣ надорад.

ТҶ “Замонат” дар чорчӯбаи фаъолияти иҷтимоии худ тасмим гирифтааст, ки дар ташкилоти худ институти ризокорӣ/таҷрибаомӯзиро ба роҳ монад. Барои чӣ институти ризокорӣ?  Барои он, ки таҷрибаомӯзӣ дар ташкилоти мо ихтиёрӣ аст, аммо аз озмун гузаштан мебояд, ва дар бораи ин дар зер сухан меронем. Яъне донишҷӯёни курсҳои болоӣ метавонанд дар идораи ТҶ “Замонат” таҷрибаомӯзӣ кунанд. Таҷрибаомӯзӣ дар институти ризокорӣ, ба донишҷӯён дар пайдо ва муайан намудани самти ояндаи фаъолияти касбӣ кӯмак хоҳад кард. Ин ба ТҶ “Замонат” имконияти хубро дар интихоби кадрҳои ҷавону лаёқатманд барои худ ва шарикон фароҳам меорад.

Ба шарофати иштирок дар Институти ризокорон, донишҷӯ имконият пайдо мекунад, ки барои оғози фаъолияти касбии худ нуқтаи ибтидоиро пайдо кунад. Дар байни донишҷӯён як хатои маъмул вуҷуд дорад – ин муносибати рӯякӣ ба худи раванди таҷрибаомӯзӣ, ҳамчун вазифаи дигари омӯзишӣ мебошад. Дар ТҶ «Замонат» донишҷӯён дарк мекунанд, ки муносибати ҷиддӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ то чӣ андоза муҳим аст зеро, ки ба шарофати ин имконият донишҷӯ метавонад муайян кунад, ки дар куҷо ва бо чӣ кор машғул шудан мехоҳад. Шояд зарурати гирифтани маълумоти дигар ва фаъолият намудан дар самти дигар ба миён ояд. Нафарони зиёд баъди таҳсил ва гирифтани маълумот, дар ҷое кор мекунанд, ки ба онҳо писанд нест, дар он ҷо аз кору фаъолияти худ қаноатманд нестанд. Барои аз таҷрибаомӯзӣ ба даст овардани фоидаи бештар, бояд ба он омодагӣ ва муносибати дуруст дошт ва фаҳмид, ки ин як имконияти беназири “пайдо намудани замина” барои фаъолияти ояндаи худ мебошад, инкишоф додани худ ҳамчун мутахассис мебошад.

Институти мазкур ба ҷавонон дар рушди малакаҳое, ки барои худнамоӣ ҳамчун мутахассис пас аз хатми донишгоҳҳои олӣ заруранд, кӯмак мекунад. Бозорро дар самти мазкур омӯхта, ва инчунин хусусиятҳои кишварро ба ҳисоб гирифта, ТҶ “Замонат” такя ба инкишофи донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ намудааст. Дар кишвар мутахассисиони бахши аграрӣ бо дониши асосҳои соҳибкорӣ, маркетинг, ки тавонанд бизнеснақшаҳоро тартиб диҳанд, ва инчунин ба сифати машваратчиёни бахши соҳибкории аграрӣ баромад намоянд, бениҳоят каманд. Аммо ТҶ “Замонат” фаъолияташро бо рушди мутахассисони бахши аграрӣ маҳдуд намекунад.Барои иштирок дар институти ризокорон ҳамаи хоҳишмандоне, ки ба меъёрҳои арзёбии озмун мувофиқат мекунанд, ва омодаи ба даст овардани малакаҳои нав, хоҳиши такмили донишҳои мушовири соҳибкорӣ доранд,  даъват карда мешаванд.

Интихоб ба институти ризокорон дар асоси озмун сурат мегирад.

Донишҷӯёни курсҳои охир ва инчунин он мутахассисони ҷавоне, ки донишгоҳро хатм кардаанд ва дар марҳилаи оғози кори худ ҳастанд, метавонанд ширкат варзанд.

Бо мақсади ҷалби ризокорон/таҷрибаомӯзон дар вебсайтҳои zamonat.tj ва somon.tj эълон ҷой дода шуд. Инчунин дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон рӯнамоиҳо гузаронда шуданд. Дар чорчӯбаи фаъолияти оид ба рушди Институти ризокорӣ/таҷрибаомӯзӣ, бо Донишгоҳи Агари Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Махсусан барои донишҷӯёни курсҳои болоии ин донишгоҳ, рӯнамоӣ дар бораи имконияти беназири ба даст овардани дониш ва малака дар давраи таҷрибаомӯзӣ дар Институти ризокорони ТҶ “Замонат” пешниҳод карда шуд.

Марҳилаи интихоб аз се зина иборат мебошад: пур кардани анкетаҳо, гузаштан аз тестҳо ва муошират.

Дар чорчӯбаи озмуни якум 25 анкета қабул карда шудааст, ки аз онҳо 6 нафар интихоб карда шуданд, омӯзиш се моҳ, то охири моҳи марти соли 2021, идома меёбад. Ҷадвали иштироки ризокорон фарогир ва муносиб аст, вақти таҳсил дар Донишгоҳҳои олӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Муддати таълим ризокорони мо дар беш аз 12 бозомӯзӣ ширкат меварзанд, ки ҳамзамон бо вазифаҳои таҷрибавӣ фаро гирифта мешаванд ва онҳо дар сессияҳои истеҳсолот иштирок мекунанд.

Кадом имкониятҳоро Институти ризокорони ТҶ “Замонат” ба мутахассиси ҷавон пешниҳод мекунад:

  • беҳдошт ва таҳкими донишҳои назариявие, ки дар донишгоҳ гирифтааст;
  • омӯхтани истифодаи донишу малакаҳо дар амал, ва инчунин такмил додани малакаҳо;
  • иштироки бевосита дар таҷрибаомӯзиҳо мутахассисони касбӣ;
  • ба даст овардани дониши пайдо намудани ҷойи кор ва такмили малакаҳои мубоҳиса бо корфармоён;
  • гуфтугӯ ва равобити бевосита бо устоди таҷрибадор;
  • барои худ ҳарчӣ зудтар муайан кардани хатогӣ дар интихоби касб ва номувофиқат ба ихтисос;
  • мавқеъро дар касбу ихтисос муайан кардан ва оғоз намудани такмили донишҳо барои инкишофи оянда;
  • омӯхтани талаботи бозор оид ба ин ё он хизматрасонӣ, ихтисос, барои дарк кардани самти инкишоф;
  • ба даст овардани таҷриба дар оғози фаъолияти касбӣ, ки норасоии он дар мутахассисони ҷавон баъди гирифтани диплом, мавриди дохилшавӣ дида мешавад, гирифтани тавсиянома аз ТҶ “Замонат” барои пайдо намудани ҷойи кор;
  • дар пешни тренерон, мушовирон ва корфармоёни оянда ноил шудан ба муваффақиятҳои нахустин.

Вохӯрии нахустин бо ғолибон барои баррасии ҷадвали таълим ва муайян намудани имконияти иштироки донишҷӯён дар таҷрибаомӯзӣ бидуни зарар ба раванди таълимии донишгоҳ ташкил карда шуд. Ризокорони мо дар супоришҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, тарзи кор дар гурӯҳро меомӯзанд, мушкилоти гуногунро ҳал мекунанд ва қобилияти муошират ва ташкилотчигии худро инкишоф медиҳанд. Иштирок дар барномаи ризокорон донишҷӯёнро ҳавасманд менамояд, ки ба таври эҷодӣ рушд кунанд ва дониши нав ба даст оранд, нерӯи худро таҳким бахшанд. Ба гуфтаи ризокорон, муҳити хуб, имкониятҳои баробар, меҳрубонии кормандон онҳоро барои муошират ва муносибати мусбӣ рӯҳбаланд мекунад. Боиси хушнудист, ки ризокорон хоҳиш доранд, ки тренингҳои бештар, супоришҳои хонагӣ, дарсҳои амалӣ ва вохӯриҳо гузаронда шаванд. Инчунин, донишҷӯён ба ҷуз аз иштирок дар мактаби ризокорон, метавонанд дар навиштани рисолаи илмӣ ё кори курсӣ аз дастгирии техникии ТҶ «Замонат» истифода баранд, инчунин оид ба масъалаҳои ба миён омада маслиҳат гиранд.