СТАРТАП дар Консалтинг!

СТАРТАП дар Консалтинг!

Ташкилоти Ҷамъиятии Замонат навбати дуюми интихоби довталабонро аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳҳо ва ё мутахасисони ҷавон ба “Мактаби Агромашваратчиёни Ҷавон” Эълон менамояд. “Мактаби Агромашваратчиёни Ҷавон” яке аз бахшҳои лоиҳаи “Институт волонтерство” аз тарафи ТҶ Замонат амалӣ шуда истодааст мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд шакли дархостро (анкетаро) пур карда ба почтаҳои эелектронии зерин то санаи 8-ми марти соли 2021 соати 17:00 фиристанд: HRzmt2019@mail.ru. Ва ё naim-agromarket@mail.ru

Шакли дархостро (анкетаро) аз сомонаи zamonat.tj қисмати “ҳуҷҷатҳо” дарёфт кунед ва ё таввасути почтаҳои эектронии болои ба Каримова Нилуфар ва Асроров Наимҷон барои ирсоли шакли дархост муроҷиат намоед.

Интихоби довталабон тавасути озмун ҷараён мегирад ва аз се навбат иборат аст:

  1. Баҳодиҳӣ ва интихоб таввасути дархостҳои воридшуда (анкетаҳо)
  2. Имтиҳон тавассути пурсишномаи махсус (тест)
  3. Мусоҳибаи инфиродӣ

Интихоб шудагон силсилаи омӯзишҳоро дар самти Консалтинг ва хусусан оиди “Чӣ гуна соҳибкориро дар консалтинг оғоз кард?” мегузаранд.

Ба ғайр аз ин вобаста ба самти фаъолияти интихоб кардаи “Мушовирони Ҷавон” барои роҳбаладӣ мутахасисон ва коршиносони пешрафтаи соҳа  ҷалб карда мешаванд.

“Мактаби Агромашаваратчиёни Ҷавон” имконияти хуби оғози фаъолияти соҳбкорӣ дар ин бахш мебошад.

Кӯшиш кунед, ки иштирокчии озмун шавед, зеро шумораи маҳдуд интихоб мешаванд. Ҷавондухтарони довталаб имтиёз доранд!