Таърих

Дар чорчӯбаи Барномаи рушди иқтисодӣ, OSI Тоҷикистон аз соли 2013 то 2017 лоиҳаи дастгирии соҳибкории навташкилро иҷро намуд. Барнома раванди спин-офф ва ё мустақилшавиро оғоз кард, ва моҳи апрели соли 2019 ташкилоти ҷамъиятии “Замонат” ба қайд гирифта шуд. Ҳадаф ва вазифаи ташкилот мусоидат ба рушди соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди замонат барои фаъолияти соҳибкорӣ бо иштроки ҷавонон, занон ва одамон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Имрӯз ташкилоти мазкур ягона намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун кафил дар ба даст овардани қарзҳо барои гурӯҳҳои осебпазир, ки таъминкунии гаравро надоранд, ва ин дастрасиашонро ба маблағгузорӣ маҳдуд месозад, фаъолият мекунад.

ИҶК дар чорчӯбаи барномаи “Замонатҳои қарзӣ идеяи замонатҳои қарзиро муддати се сол озмоиш карда буд. Барнома дар ҳамкорӣ бо Фондҳои Қарздиҳии Хурди ҳамшарик ба 294 соҳибкори навташкил, азҷумла ба муҳоҷирони баргашта, ҷавонон, занон ва одамони имкоиятҳояшон маҳдуд қарзҳои имтиёзнок (бо ставкаҳои пасти фоизҳо ва муҳлатҳои имтиёзнок то 6 моҳ) пешниҳод кард