Машваратҳои (консалтинги)  ТҶ «Замонат»

Машваратҳои (консалтинги)  ТҶ «Замонат»

ТҶ «Замонат» расондани хизматрасониҳои машваратиро барои соҳибкорони навкор аз ҳисоби ҷавонон, донишҷӯён, ва онҳое, ки Донишгоҳи олиро хатм карда мехоҳанд малакаҳои навро ба даст оранд идома медиҳад. Дар назди ТҶ “Замонат” институти ризокорон ташкил карда шудааст. Таълим ва машваратҳо дар идораи ТҶ “Замонат”ройгон пешниҳод карда мешаванд. Бо баҳисобгирии вазъи вобаста ба пандемия шумораи иштирокчиён маҳдуд аст. Интихоби нави иштирокчиён мобайнҳои моҳи сентябр, дар асоси озмун, пешбинӣ мешавад.

Бозомӯзии хурди доир ба роҳҳои таҳияи бизнес нақша ва рушди идея то сатҳи фаъолияти даромадовари инфиродӣ аз ҷониби Нилуфар Каримова гузаронда шуд. Ҷавонон дар бораи моҳияти стартап иттилоъ гирифтанд, кадом мушкилот пеши роҳи иҷрои идея меистанд, чӣ тавр бояд ба бозор ворид шуда молу хизматрасониҳои худро пешниҳод кард.

Ба ТҶ «Замонат» ҷавондухтарон барои машварат доир ба ташаккули стартап, бо баҳисобгирии он, ки соҳибкории оғозшаванда сармояи зиёдро талаб накунад. Бо сабаби он, ки духтарон донишҷӯи курси сеюми донишгоҳ мебошанд, соҳибкорӣ бояд ҳамзамон бо таҳсил пеш бурда шавад, ки барои ба даст овардани маълумоти олӣ монеа эҷод нашавад. Ба шарофати барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии ройгони ТҶ “Замонат” Марзия ва Симо дар бозомӯзиҳои “Стартап чист?”, ва “Чи тавр бояд соҳибкориро оғоз кард” иштирок карданд. Курси пурра барои соҳибкорон моҳи сентябр гузаронда мешавад, ва духтарон дар он иштирок хоҳанд кард.

Чанд намуд фаъолиятро бо тренер Н.Каримова муҳокима ва таҳлил намуда, духтарон ба хулоса омаданд, ки беҳтарин ва муносибтарин фаъолият дар ҳоли ҳозир барояшон иштирок дар бозомӯзиҳо ва мастер классҳои оид ба пухтупаз мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки онҳо таҷрибаи хуб дар пухтупази ғизои аврупоӣ ва осиёӣ доранд. Ин самти соҳибкорӣ масорифи зиёди молӣ ва иҷораи ҳуҷраро талаб намекунад. Бо баҳисобгирии номгӯи маҳсулоти қаннодӣ сметаи хароҷот таҳия карда шуда, тамоми хароҷот барои нерӯи барқ ​​ва дигар хароҷоти марбут ба фаъолият ба инобат гирифта шуданд. Бо такя ба малакаҳои доштаашон Марзия ва Симо барои 6 ҷавондухтар, аз рӯи 5 намуди пухтупази кулчақандҳо ва ғизои дигар, курси омӯзишӣ гузаронданд.

Баъд аз иштирок дар курсҳои ТҶ «Замонат», аз моҳи сентябр то декабри соли равон, бо кӯмаки тренерҳо, духтарон ният доранд, ки бо ҷалби беш аз 10 духтар тиҷорати худро васеъ кунанд. Онҳо инчунин идеяҳои зиёду шавқовар доранд, ки сармоя (сармоягузорӣ) ва шарикони навро барои татбиқ талаб мекунанд. Ба гуфтаи духтарон, онҳо нияти дар як ҷо қарор гирифтанро надоранд, онҳо хоҳиши зиёд доранд, ки таҳти бренди шахсӣ тиҷорати худро созмон диҳанд ва хурсандибахш аст, ки имрӯз духтарони мо дар назди худ мақсадҳои баланд гузошта, барои расидан ба он кӯшиш мекунанд.