Ошхона дар Шаҳритус

Ошхона дар Шаҳритус

Ошхонаи «Озодчон» начондон дур аз маркази ноҳияи аст. Ба мизоҷони зиёде хидмат мерсанад. Аз нафаре иллати маҳз ба ин ошхона омаданро пурсидам. Ҷавоб чунин буд: «Сабаб?? Сифати баланди таъом, гуногуннавъӣ, муомилаи хуби пешхизматҳост, вагарна  ошхонаҳои дигар ҳам ҳастанд.»

Аз суҳбат бо соҳибкор Ҷамшед Қурбонов маълум шуд, ки оилаи бузурги онҳо (бародарон) қаблан дар муҳоҷирати корӣ будаанд.  «Он ҷо пули кам ҳам ба даст намеовардем, вале ҷойи бегона ҳамеша бегона мемонад, ҳамеша дилу ёдат кашол. Ин қарз боис шуд, ки бародаронро бовар кунонам, ки баргардем ва ҳам зиндагии худро сомон диҳем ва ҳам дар ободии як гушаи кишвар бо хидматрасонии намунавӣ саҳм бигирем. Чунон ки худатон мебинед, аксари кормандон аъзои оила ҳастанд ва ҳамчунин тавонистем барои 6 нафар ҳамсоя ҳам ҷойи кории доимо бисозем. Алҳол мо дар гушае кори сохтмонӣ ҳам дорем, яъне мо ҷойҳои нишастро нияти бештар кардан дорем. Яъне бо вуҷуди ба таври кофӣ васеъ будани ошхона баъзан ба ҳама хоҳишмандон хидмат расондан наметавонем».