Рустамова Барно, шаҳри Панҷакент

Занон, варзиш ва орзуҳое ки амалӣ мешаванд
Рустамова Барно, шаҳри Панҷакент

«Ихтисоси ман муҳандиси сохтмон аст. Дар оилае бузург шудаам, ки хурду калон ба варзиш иштиёқ доштанд. Аз ин ру, чанд соли охир дар дил орзу мепарваридам, ки толоре дошта бошам ки барои ба варзиш машғул шудани шаҳрвандон ва хусусан занон имконияти замонавӣ дошта бошад. Худоро шукр, ки тавассути чунин қарз то андозае орзуям бароварда шуд. Ин толор яке аз беҳтаринҳо дар шаҳри мост. Мақсад аз варзиш барои ман ҷисми солим ва қабл аз ҳама тани солим ва зебои зан аст, на ягон дастоварди варзишӣ, зеро фарзанди ҷисман ва руҳан солимро  танҳо, аз назари  ман албатта, зане тарбият мекунад, ки худаш дорои чуни сифат  бошад Толори варзиш барои занони дар шаҳрхои бузург ҷойи ҳайрат надорад. Аммо тафаккури зани музофотро дигар кардан, бо вуҷуди он ки шояд варзишро дуст дорад ҳам, кори осон нест аст. Дар аввал ману келинҳоям, баъд дустонам ва ахиран имруз бештар аз 60 зан ба ин толор барои нигаҳдории саломати ва қаду қомати мавзун меоянд. Аммо ин охири кор нест. Алҳол дар тараддуди он ҳастам, ки бароям замин барои сохтмони маркази варзишӣ бидиҳанд. Писаронам омодагӣ изҳор мекунанд, ки агар чунин иҷозатро ба даст биоварам, то имкон доранд дар паҳлуям ҳастанд ва дар кори сохтмон кумакам мекунанд. Умедворам ки ин орзуро ҳам ҷомаи амал бипушонам. Воқеан бояд азҳамкорӣ бо Бунёди Мадад ва фонди қарзҳои хурд минаттдориамро изҳор намоям, зеро ҳамин сабаб шуду мо бо дилгармӣба кор шуруъ кардем».