Нақлиёти мусофирбари Урметан–Панҷакент

Нақлиёти мусофирбари Урметан–Панҷакент

Он чи дар хотири мо аз ин лоиҳа дар ёд монд, суҳбати мо бо гуруҳи ҷавонон ва сокинони деҳ буд, ки то мулоқот бо ронандаи мусофирбари хатсайри мазкур Ҷабборов Фахрулло сурат гирифт. Ҷавоне ки дар яке аз донишкадаҳои шаҳри Панҷакет таҳсил мекардааст, гуфт ки бо кушодашавии ин хатсайр дигар бароям зарурати хонаеро иҷора гирифтан намонд, ки ин боиси кам шудани хароҷоти зиндагиам шуд. Ҳарчанд масофа дар ҳудуди 60 километр аст, шукри роҳи хуб ва ин хатсайр ки саҳар мераваму бегоҳ ба хона бармегардам. Муйсафеде илова карда, ки акунун борояш гоҳ гоҳе аз бозори шаҳри Панҷакент дидан кардан осон шуд, зеро аслан, ҳарчанд мо баъзан ба зур пули роҳро диҳем ҳам аз муйсафедон роҳкиро талаб карданро раво намебинад. Вакте дар мулоқот мо ба ин нукта ишора кардем, номбурда фақат хоксорона ҳаминро илова карда, ки агар аз даст биёяд ва ба дигарон кумак накунӣ, чи суд аз чунин зиндагӣ…