Кошонаи ҳусн ва толори либосҳои арусӣ дар Искодар

Кошонаи ҳусн ва толори либосҳои арусӣ дар Искодар

Кушдошавии бефосилаи роҳ миёни ноҳияҳои дурдасти куҳистон ва шаҳрҳо боиси ба ҳам наздик шудани суннатҳо ва анъанаҳо ҳам мешавад. Ҳоло дар дилхоҳ ҷой расму маросимҳоро бо ҳамон як шукуҳ ва тантанае метавон гузаронд, ки дар шаҳр баргузор мегарданд. Яке аз ин вижагиҳо сару либос ва ороиши замонавии арусҳост. Аммо бовар кунед, ки пас роҳҳои пурпечутоби куҳистон ба зиндагии маъмулии деҳоте ворид шудану бо кушодани даре шоҳиди манзараи зебои  толори либосҳои арусӣ шудан ва он ки аз замонавитарин толори шаҳр ҳеҷ камие надоранд, боиси хушҳолӣ ва тааҷҷубовар аст. Ин нуктаро соҳибкори як деҳаи дурдасти ватан Дилфуза Одилова сокини деҳи Искодари ноҳияи Айнӣ дарк кардаву чунин хидматрасониро ба роҳ мондааст. Аз хусусияти хоси корашон пурсон мешавам. «Муҳим он аст, ки либосҳои арусии мо бо нархи ду маротиб камтар аз шаҳрҳо ба иҷора дода мешаванд. Ҳамчунин ороиши арусон дар ин толор бо сифати дилҳоҳ сурат гирад ҳам чанд маротиб аз шаҳр арзонтар аст.  Агар хидматрасонии мо набошад одамон маҷбуранд ба маркази ноҳия раванд ва ин, табиист ки сарфу харҷи иловагии пул ва вақтро мехоҳад. Мо ба ҳамин роҳ ҳиссаи худро дар шодии ҳамсояҳо мегузорем.»- мегуяд ӯ.